Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

Дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи нави таҳсилоти миëнаи умумии рақами 74-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.

Муассисаи нави таълимӣ барои 840 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, масоҳати умумии заминҳои он як гектарро ташкил медиҳад.

Бинои таълимӣ аз се ошëна бо 14 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, иборат мебошад.

Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёниятҳои замонавӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ ва дастгоҳҳои озмоишӣ таъмин буда, барои хонандагон шароити мусоиди аз худ кардани дониш мавҷуд мебошад.

Дар ду синфхонаи технологияи иттилоотӣ 16 компютери муосир насб гардидааст. Дар китобхонаи анъанавӣ ва ҳам электронӣ асосан адабиёти фаннӣ ва бадеӣ мавҷуд мебошад. Китобхона дар ошëнаи дуюми бинои дигари иншооти навбунёд ҷой дода шудааст.

Дар ошëнаи якуми бино, толори варзиш ташкил гардида, бо лавозимот барои бозиҳои футболи хӯрд, волейбол, баскетбол ва мусобиқаҳои тан ба тан таъмин мебошад.

Гармӣ дар муассиса тавассути дегхонаи алоҳида ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда мешавад.

Дар долон, синфхонаҳо ва атрофи муассисаи таълимӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст ва раванди таълим пурра таҳти назорат қарор дода мешавад.

Атрофи иншоот дар масоҳати 400 метри мураббаъ бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зеб дода шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш гардидааст.

Сокинони деҳаи Сангтӯда иброз медоранд, ки аз сабаби дур будани муассисаи таълимӣ қаблан хонандагон душворӣ мекашиданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи муҳташами таълимӣ мушкили онҳо аз байн рафт.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюми сохтмон бунёди боз як бинои дигар ба нақша гирифта шуда, дар он ҷойгир намудани маҷлисгоҳ бо 200 ҷои нишаст ва ошхона барои 80 нафар дар назар аст.

Муассисаи навбунёди таълимӣ бо хати алоҳидаи барқ таъмин мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз сохтмончиён иҷрои пурраи корҳои боқимондаи сохтмониро дар асоси лоиҳаи пешбинишуда талаб намуданд.

Омӯзгорону хонандагон барои бунёди чунин як муассисаи таълимии зебову замонавӣ дар доираи таҷлили ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Роҳбари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.