Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Муаррифии маҷалаи Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Санаи 13-уми апрели соли 2021 дар доираи Иҷлосияи 64-юми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии канории маҷозӣ доир карда шуд, ки дар он Маҷалаи “Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”, ки ҳамасола таҳия ва нашр мегардад, аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ карда шуд.  Дар чорабинии мазкур роҳбарон ва ҳайатҳои мақомоти  дахлдори кишварҳои аъзои СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ,  созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тариқи онлайн ширкат варзиданд.

Дар кори он Роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашитта Миттал ба ҳайси модератор иштирок ва баромад намуда, масъалаи татбиқи барномаҳои зиддимухаддиротии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон мусбӣ арзёбӣ намуд. Диққати иштирокдорон ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, назорати маводи нашъаовар, мустаҳкам намудани Сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки маҷаллаи мазкур ҳамчун маводи илмию таҳлилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати инъикос намудани сиёсати зиддимухаддиотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кумаки амалии худро мерасонад. Муаррифии маҷаллаи мазкур дар иҷлосия баҳри сиёсати пешгирифтаи зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила ҷалб намудани кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳалли мушкилоти маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар ҳошияи иҷлосияи мазкур ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канории ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ иштирок ва баромад намуд.