Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор

Бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрели соли 2021 дар Китобхонаи миллӣ таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он аъзоёни Шӯро ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа муовини раиси Шӯро, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода оид ба ҳамкориҳои вазорату идораҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар доираи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” изҳори назар намуд.

Инчунин Директори Агентӣ Стратегияи нави миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030-ро, ки бо фармони Президенти мамлакат аз 20 марти соли 2021, №145 тасдиқ гардидааст, муаррифӣ намуд. Қайд карда шуд, ки ҳадафи асосии санади мазкур таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳои маводи нашъаовар ва оқибатҳои зиёновари он, инчунин тақвияти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилаллӣ ба ҳисоб меравад, иборат мебошад.

Сипас муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойбалазода Рустам Хушмурод баромад намуда,  вазъи нашъамандӣ, сабаб ва омилҳои бақайдгирӣ, аз қайд баровардан, фавт ва заҳролудшавии нашъамандон дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Дар идомаи чорабинӣ муовинони раисони вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ баромад намуда, оид ба иҷрои қарорҳои протоколҳои ҷаласаҳои Шӯро дар давраи солҳои 2019-2020 ва сабабу омилҳои зиёд ба қайд гирифта шудани беморони нашъамандро дар минтақаҳои мазкур, ҳисобот доданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа масъалаҳои баррасигардида мавриди муҳокима ва музокира қарор дода шуда, мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки фаъолиятро баҳри боз ҳам инкишоф додани мафкураи тоқатнопазирӣ ба нашъамандӣ дар ҷомеа тақвият бахшанд ва ҷиҳати таъсири он ба пешгирӣ ва сатҳи нашъамандӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ намоянд. Дар ин радиф оид ба фаъолияти минбаъда, нақшаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадор барои нимсолаи дуюми соли 2021 тасдиқ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.