Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Қочоқчии навбатии маводи нашъадор дастгир гардид

Имрӯз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, муборизаи самаранок бар зидди онҳо бо истифодаи неруи танҳо як кишвар дар алоҳидагӣ  ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор диққати ҷиддӣ дода, на танҳо барои таъмини амнияти худ, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатар эмин нигаҳ доштан талошҳои зиёд намудааст.

Мутаассифона, бо назардошти вазъи сиёсӣ  дар ҳамсоякишвари мо-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, кишти кӯкнор ва истеҳсоли маводи нашъадор ҳануз ҳам ташвишовар мебошад. Омили мазкур дар ояндаи наздик низ ҳамчун таҳдиди асосӣ ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ боқӣ хоҳад монд.

Дар ин раванд Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти мубориза бо ин падидаи хатарнок пурзӯр намуда, баҳри дастгир ва барҳам задани фаъолияти нопоки гуруҳои ҷиноятпеша ва мусодираи маводи нашъаовар муборизаи беамон мебарад.

Ҳамин тариқ, санаи 23 юми майи соли равон аз ҷониби кормандони Агентӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон шаҳрванд Акобиров Нусратулло бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир гардид.

Маълум карда шуд, ки шаҳрванд Акобиров Нусратулло Дахяевич соли таваллудаш 12 уми августи 2000 – ум, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамоати Хелвар, деҳаи Зархез бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Қарадуми ноҳияи Ҷайҳун вохӯрда, аз ӯ миқдори махсусан калон маводҳои нашъадори навъи “Ҳашиш”- ро дар ҳаҷми 29 кг 560 гр бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, дастрас намуда, ҷинояти махсусан вазнинро содир намудааст.

Акобиров Нусратулло шабона маводҳои нашъадорро ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон интиқол дода, ҳангоми вохӯриаш бо харидор аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир  гардид.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати ба шаҳрванд Акобиров Нусратулло Дахяевич бо моддаи 200 қисми 4, банди “Д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинои оғоз гардида, тафтишот идома дорад.