Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Маҳз Ваҳдати миллӣ миллати тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо тоҷикон муттаҳид шавем, ватанамонро соҳибӣ ва обод намуда, рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем.

Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо ва ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.

Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода чорабиниро оғоз намуда, ҳайати шахсӣ ва дар симои онҳо наздикону пайвандонашонро бо ин санаи тақдирсози таърихӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ бо хизматҳои бузург ва ташаббусу ибтикороти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик ба даст омадааст, ки ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.

Ҳамчунин Директори Агентӣ қайд намуданд, ки мо бояд дар марҳалаи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо нияти нек ва рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ, риояи қонуният ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон, кору фаъолият намоем.

Дар чорабинӣ кормандони ҷавон ва собиқадорон баромад намуда, аз таърих, арзишҳо, ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намуда, онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорем.