Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ШАХСИИ АГЕНТӢ ДАР САНҶИШИ ОМОДАБОШИИ ҶАНГӢ ВА ГУЗАШТИ НИЗОМӢ

Ҳифзи марзу буми Ватан, таъмин намудани амнияти давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ва суботу оромии ҷомеа бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи қавию тавоно ғайриимкон аст, бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ тавонист, Қувваҳои Мусаллаҳи худро бо техникаву таҷҳизот ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ таъмин намуда, маҳорату малакаи ҷангии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тадриҷан беҳтар гардонад.

Ҷаҳони имрӯза, ки пур аз зуҳуроти номатлуб, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, таассуби динӣ, бегонапарастӣ ва дигар омилҳои манфӣ мебошад, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳушёриву зиракӣ, ҷаҳонбинии васеъ, сатҳи баланди донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, дараҷаи кофии омодагии рӯҳиву ҷисмонӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва маҳорату малакаи муосири касбиро талаб менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба таҳдиду хатарҳои муосир бетараф буда наметавонад.

Бинобар ин, санаи 22 июли соли ҷорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо таҳти унвони «Марз-2021» бо бонги хатар 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, ҳамчунин 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар сохторҳои низомӣ дар санҷиши омодабошии ҷангӣ  ва гузашти низомӣ иштирок намуданд.

Имрӯз ҳайати шахсии Агентӣ бо садоқат ба Ватан ва содиқ ба савганди худ омодаанд, ки дар муқобили ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ва таъмини дастоварду манфиатҳои давлат, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, қочоқи маводи нашъадор ҳамеша дар ҳолати омодабошии низомӣ қарор дошта, баҳри таъмин намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар Ватани азизи худ ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар  саҳми арзандаи худро гузоранд.