Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Таҷлили чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад. Бо ин мақсад санаи 4-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Агентӣ иштирок намуда, нахуст ба таври тантанавӣ бо қадамҳои сафӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди майдон гардида, сипас зери мусиқӣ Суруди миллӣ қироат гардид.

Директори Агентӣ, генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо кушодани ҷаласаи тантанавӣ зимни суханронии худ аз таърих ва дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлоли кишвар ёдовар шуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, дар як муҳлати кутоҳтарин бо ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, фаъолияти муназзаму босамари шохаҳои ҳокимият, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакатро бамаротиб баланд бардорад.

Қабули Конститутсияи нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақсими ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, таъсиси ниҳоди президентӣ, парламенти дупалатагӣ ва Суди конститутсионӣ, инчунин бисёр равандҳои дигари сохтори давлатӣ, бевосита дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошанд.

Истиқлолият барои ҳар як шаҳрванди тоҷик, муқаддас ва азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Аз ин лиҳоз ин санаи сарнавиштсоз барои миллати тоҷик рузи муқаддасу таърихӣ ва фаромушнопазир боқӣ монда, ҳамчун неъмати бузург, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию осоиштагӣ ва абадиятӣ мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар рафти чорабинии мазкур ҳамчунин собиқадорон ва кормандони Агентӣ оид ба Истиқлолият ва моҳияти он баромад намуда, дар интиҳои он аз ҷониби Директори Агентӣ кормандон бо рутбаҳои навбатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудаанд.