Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Истиқлол пойдевори давлатдории миллӣ

Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.

Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт”.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат, неъмати бебаҳо, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, рамзи асолату ҳувият, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад, ки эътибору нуфузи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки бар асари фитнаву дасисаи душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик  солҳои аввали Истиқлол кишвари азизи мо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатбор гирифтор шуд.

Ҳарчанд, ки бисёр мушкилу тӯлонӣ буд, вале бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву пуштибонии самимонаи сокинон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш хомӯш карда шуд.

Санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардида, дар ватани азизи мо сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву Ваҳдати миллӣ барқарор ва барои рушди ояндаи давлат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Аз ҳамон вақт инҷониб ин санаи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуда, барои миллати тоҷик ҳамчун рӯзи муқаддас маҳсуб меёбад.

Дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи Истиқлоли миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, нақши созандаи сулҳу ваҳдат бешубҳа зоҳир гардид.

Ҳамин тариқ, таҷрибаи бузурги давлатдорӣ ва азму талошҳои Сарвари давлатамон ва мардуми ватандӯсту ватанпарварамон имкон дод, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардад. Боиси сарфарозист, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст..

Имрӯз сокинони мамлакати озоду ободи мо ифтихор аз он доранд, ки 30 сол муқаддам пойдевори Истиқлоли воқеиро мустаҳкам намуда, ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устуворона ниҳоданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳад, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд ва ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш баён менамоянд, ки;

“Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад”.

Бо талошҳои созанда ва иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  бо бунёд намудани роҳҳои ободу бехатар дар давоми 30 сол пойтахти мамлакатро ба чор қитъаи Тоҷикистон пайваст, дар ин раванд гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, зиёд намудани ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳои мошингард, шоҳроҳҳои сатҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан, иқтидорҳои нави энергетикӣ ва интиқоли нерӯи барқ, зиёд намудани корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ҳамчунин муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, биноҳои истиқоматӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади пулии аҳолӣ роҳандозӣ карда шуд.

Ҳамаи ин ташаббусҳои созандаи Сарвари давлатамон боиси пешрафту тараққиёт гашта, ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ва сатҳи болоравии дарозумрии аҳолӣ таъсири мусбӣ расонид.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки дар партави сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ҳамчун кишвари ташаббускору рӯ ба инкишоф муаррифӣ гардидааст.

Ҳамчунин, Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар байни ҷомеаи башарӣ ва ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид.

Дар шароити пурихтилофи вазъияти имрӯзаи сайёра, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро яке аз кишварҳои амнтарин барои сайёҳӣ эътироф намояд ва ин боис гардид, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оваранд.

Ҳамчунин дар ин давра ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз Тоҷикистон шаҳри бостонии Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помир, «Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Оши палави мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон” ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддӣ шомил гардид, ки ҷаҳониёнро аз фарҳанги миллӣ, қадимаву волои  мардуми тоҷик бохабар намуд.

Бо ташаббуси Сарвари давлат ва дастгирии сокинони мамлакат баҳри таълиму тарбияи дурусти фарзандон дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон ва инчунин ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баъд аз қабули қонунҳои мазкур сатҳи таълиму тарбияи насли наврас ва одобу ахлоқи ҷавонон хеле боло рафта ба зиндагии мардум сабукиҳои зиёд оварда шуд.

Гарчанд ҷаҳонишавӣ ва равандҳои мухталифи он дар шароити муосир ба тарақиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва болоравии сатҳи некуаҳолӣ мусоидат намояд ҳам, он боз ба рушди масоили нигаронкунанда, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, суистеъмол ва оқибатҳои зиёновари он мусоидат менамояд.

Бо давра ба давра густариш ёфтани ҳаҷми кишт ва истеҳсоли маводи нашъаовар дар кишварҳои истеҳсолкунанда ба ҳаёти инсонӣ таҳдидҳои нав ба нав эҷод гардида, ин мушкилот дигар кишварҳоро низ таҳдид менамояд.

Мавриди зикр аст, ки мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар баробари дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, ҳаросафканӣ ва ҷиноятҳои муташшакили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо омили муҳими пешрафт дар роҳи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияту бехатарии давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Бо мураккаб гардидани вазъи марбут ба маводи нашъаовар 12 апрели соли 1996 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар»- ро ба имзо расонид.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3 (се) Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид – Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъадор соли 1961, Конвенсияи СММ дар бораи моддаҳои психотропӣ соли 1971, Конвенсияи дар бораи мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ соли 1988 ҳамроҳ гардида, созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматиро дар мавриди ҳамкорӣ дар самти назорати маводи нашъаовар бо 17 давлати ҷаҳон, аз он ҷумла бо ҳамаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба имзо расонид.

Баъдан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 1999 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол буда, ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти худро дар асоси Конститутсия, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, ҳамкориро бо дигар вазорату идора ва мақомотҳои дахлор ба роҳ монда, аз натиҷаҳои фаъолияти худ бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

Агентӣ  дар муддати ду даҳсола барои мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир комёб гардид, ки далели ин гуфтаҳо мусодираи  зиёда аз 46 тонна маводи нашъаовар ва қатъи фаъолияти 44 гурӯҳҳои муташшакили ҷиноятӣ дар давраи мазкур мебошад. Танҳо дар давоми даҳ соли охир дар бухории махсуси Агентӣ зиёда аз 24 тонна маводи нашъадор бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Мусаллам аст, ки маҳви чунин миқдори калони воситаҳои нашъадор сабаби аз нашъамандӣ эмин нигоҳ доштани милионҳо нафар одамон дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва пешгирии ҷиноятҳои зиёди вобаста ба мухаддирот мусоидат намуд.

Ин комёбиҳо самараи заҳматҳои ҳамарӯзаи ҳайати шахсии Агентӣ дар ҷодаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад, ки ҷиҳати ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин дигар ҷиноятҳо пайваста амалиётҳои муштарак ва чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯиро бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ анҷом медиҳанд.

3 апрели соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор таъсис дода шуд, ки фаъолияти онро Агентӣ ҳамоҳанг месозад. Раиси Шӯрои мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раис муайян шудаанд.

Бо ташаббуси бевоситаи Агентӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон 4 Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ
оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо
муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар таҳия
ва мавриди амал қарор дода шуд.

Ҳамчунин, марҳилаи нави фаъолияти Агентӣ ба қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013 “Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардида, бо муваффақият ҷамбаст карда шуд. Дастовардҳои Стратегияи мазкур аз ҷониби коршиносон баланд арзёбӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овард.

Бинобар ин, зарурат пеш омад то “Стратегияи нави миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” таҳия ва мавриди амал қарор дода шавад.

Тадбиқи Барномаҳои мақсаднок, фаъолияти Шӯро ва Стратегия, ҳамчунин заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти дахлдор ва ҳайати шахсии Агентӣ буд,  ки имрӯз сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин рӯ ба коҳиш овардааст.

Соли 2008 дар кишвар 8645 нафар чун мубтало ба бемории нашъаманди сабт шуда буданд. Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ин рақам дар соли 2021 ба 5003 нафар коҳиш дода шуд. Яъне, дар муддати бештар аз 12 соли охир теъдоди гирифторон ба нашъамандӣ 42 дарсад коҳиш ёфтааст.

Гарчанде ин дастовардҳо назаррас бошанд ҳам, вале онҳо ҳанӯз ҳам моро қонеъ карда наметавонанд.

Вобаста ба ин, Агентӣ пешгирии нашъамандиро чун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ ҷиддӣ ба роҳ монда, корҳои таблиғотиро ба таври доимӣ дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ роҳандозӣ мекунад.

Баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии нашъамандӣ, кормандони Агентӣ мунтазам дар якҷоягӣ бо дигар кормандони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо ҷалби доираи васеъи аҳолӣ чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, фарҳангӣ ва таблиғотии зидинашъамандӣ баргузор менамоянд. Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо дар байни табақаҳои мухталиф, хусусан ҷавонон ва наврасон боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи маълумотнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба зарар ва оқибатҳои фоҷиабори сӯиистеъмоли маводи нашъаовар мегарданд.

Ҳамчунин, яке аз вазифаҳои Агентӣ дар самти муқовимат бо паҳншавии маводи нашъадор, амалишавии назорати муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, пешгирии воридшавии ин маводҳо аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ мебошад.

Кормандони Агентӣ баҳри таъмини риояи муомилоти қонунии маводи нашъаовар, бо ҷалби мутахассисон дар муассисаҳои табобатӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ мунтазам санҷишҳо гузаронида дар ҳолати набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, дастурҳо пешниҳод менамоянд.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсисёбии худ ба тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти хоса дода, бо ин мақсад зиёда аз 40 созишномаҳои байниҳукуматию байниидоравӣ ва дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ба имзо расонидааст.

Агентӣ дар доираи муносибатҳои байналхалқӣ бо як қатор созмонҳои бонуфуз, ба монанди Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳо ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.

Ҳамин буд, ки ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти Агентӣ роҳбарони як қатор созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Котиби генералии СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Эрон, Русия, Амрико, Чин ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳангоми ташриф оварданашон ба фаъолияти Агентӣ баҳои баланд доданд.

Имрӯз Агентӣ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои кудратии кишвар мавқеи хосаи худро ишғол намуда, манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар мувафаққона муаррифӣ менамояд. Созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамолики хориҷӣ, Агентиро ҳамчун шарики боэътимод ва босалоҳият эътироф намудаанд.

Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар кормандони Агентӣ дар қатори дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ сарбаландона ва содиқона дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва чорабиниҳо оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба мебинанд.

Дар ин лаҳзаҳои идона бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ ин санаи муқаддасу тақдирсозро ба мардуми шарифи Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод намуда, орзуманди онам, ки  дар ватани азизи мо ҳамеша сулҳу субот ҳукумфармо бошад.

 

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал – майори адлия

Ҳабибулло Воҳидзода