Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ба истифода додани Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон

23 сентябр дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода, дар барномаи рангини фарҳангӣ иштирок намуданд.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ  ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масоҳати он 3,68 гектарро ташкил медиҳад. Майдони умумии зери иншоот бошад, 1446 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 45 нафар мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикроҳсоз» бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Маблағгузории иншоот аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, аз чор минбари нишастгоҳ ва ҳамчунин ҷойи махсус барои меҳмонони олиқадр иборат мебошад.

Ҳуҷраҳои кории маъмурият, нозир, доварон, ҷойи либосивазкунӣ, ҳуҷраи мураббиён, нуқтаи тиббӣ ва назорати допингии иншооти муосири варзишӣ бо беҳтарин шароит дар қисматҳои зери нишастгоҳҳо сохта шудааст.

Майдони бозии футболи варзишгоҳ 105 бар 68 метрро ташкил дода, масоҳати 13 ҳазору 944 метри мураббаъ сабзазор гардидааст.

Ҳамчунин як қисмати иншоот дар масоҳати беш аз 2400 метри мураббаъ сафолакпӯш ва атрофи он  ба андозаи 7 ҳазор метри мураббаъ кабудизор  шудааст.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон дар заминаи таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш ва солимии ҷомеа бунёд  гардидааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳ дар самти ташкили тамринҳои ҳаррӯза, баргузории мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ,  чорарабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар миёни сокинон имкони васеъ фароҳам овард.

Баробари ба истифода додани иншооти хуштарҳи варзишӣ дар ноҳияи Балҷувон 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Дар ҳудуди варзишгоҳ 4 равшанидиҳандаи калон ва 25 адад чароғи махсус (торшер) насб карда шудааст, ки баробари фароҳам сохтани шароит барои машғул шудан ба варзиш ҳангоми шабона ба зебоии мавзеъ зиннати хоса зам менамояд.