Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

НАҚШИ ҶАВОНОН-ДАР 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.

Дар партави дастуру супориш ва бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонон ҳамчун неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон гардида, дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз саҳми назаррас ва арзишманд гузошта истодаанд.

Дар ин замина дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксаран ҷавонон ба кор қабул шуда, масъалаи баланд бардоштани сатҳи малакаву маҳорати касбӣ ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо, бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, омодагии ҷавонон баҳри ҳимояи марзу буми кишвари азизамон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими роҳбарияти Агентӣ ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин санаи 24 сентябри соли ҷорӣ дар бинои Агентӣ ҳамоиши ҷавонони соҳаи назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон-дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳо, собиқадорон ва кормандони ҷавони Агентӣ иштирок ва баромад намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур дастовардҳои ҷавонони Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баррасӣ гардида, аз ҷониби кормандони собиқадор қайд карда шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузурги ватандорӣ моро мебояд, ки  сатҳи касбият ва маърифатнокии кормандони ҷавонро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои илму техникаи муосир бохабару баҳраварро тарбия намоем.

Ҳамчунин баромадкунандагон иброз доштанд, ки мо ба ҷавонон – нерӯи бузурги созандаи кишвар эътимод намуда, бовар дорем, ки онҳо аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароянд.