16 декабри соли 2021 вохӯрии кории Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-лейтенанти политсия Андрей Храпов баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима намуданд. Инчунин, дар рафти ин вохӯрӣ мушкилоти амнияти минтақавӣ баррасӣ карда шуд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрии мазкур лоиҳаи Созишномаи байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо барои солҳои 2022 – 2024, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, муҳокима карда шуд. Дар ин робита, Храпов А.И. омодагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россияро барои баимзорасонии созишномаи мазкур изҳор дошт.