Баҳри дастгирии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 юми декабри соли ҷорӣ ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.
Дар ярмарка маҳсулоти гуногуни босифати ватанӣ, бахусус маводи ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, сабзӣ, пиёзу картошка, карам, турб, шалғам, гушт, гушти мурғ, тухм, моҳӣ ва маҳсулоти ғалладонагӣ ба харидорон пешкаш карда шуд. Бояд гуфт, ки маҳсулотҳо бо нархи нисбатан арзон ба харидорон ва кормандон пешкаш карда шуда, ба кормандони техникӣ бошад аксар маҳсулоти ниёзи аввалия ба таври ройгон дастрас карда шуд.
Қобили қайд аст, ки роҳбарияти Агентӣ нисбати дастгирии кормандон ва ҳайати шахсии Агентӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар арафаи иду ҷашнҳо чунин ярмаркаҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқро мунтазам роҳандозӣ менамоянд.