Нимаи дуюми рӯз, дар ҳошияи Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, вохӯрии дуҷонибаи Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари ҳайати ИМА Тод Робинсон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои мубрам аз ҷумла, таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Агентӣ бо Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА дар Осиёи Марказӣ, барқарор намудани Дафтари ДЕА дар Тоҷикистон ва маблағгузории кормандони Агентӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар иброз доштанд.