Дар рӯзи охирини чорабинӣ, ки санаи 25-уми июни соли 2022 дар майдони 800 – солагии Москваи шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати шаҳри Душанбе ва меҳмонон, инчунин, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмуни расми беҳтарин иштирок доштанд.
Чорабинии мазкур таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022”, зери шиори “Ҷавонон зидди маводи нашаъовар”, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025”, инчунин, бахшида ба 26 июн “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он” ба роҳ монда шуд.
Пас аз садо додани суруди миллӣ, нахуст Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода баромад намуда, иброз доштанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва пањншавии маводи мухаддир, бахусус сӯиистеъмоли онҳо ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбирҳои судмандро ба роҳ монда истодаанд.
Қайд карда шуд, ки ҳадафи ин чорабинӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии нашъамандӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи мухаддир дар ҷомеа мебошад.
Сипас раиси Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе, намояндаи Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ва дигар шахсони даъватшуда баромад намуда, оид ба роҳҳои пешгирӣ ва оқибатҳои зиёновари маводи нашаъовар изҳори андеша карда, ҷиҳати коҳиш додани он њамкории судманди дастаљамъонаи нињодњои масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳвандиро дар ин самт таќозо намуданд. Зикр карда шуд, ки таъсири манфии ин падидаи номатлуб метавонад, ба тамоми табақаи ҷомеа зарари худро расонад.
Дар ин чорабинӣ ба ғолибони бозиҳои варзишӣ ва беҳтарин рассомон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.
Дар хотимаи чорабинӣ намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ намоиш дода шуданд, ки ба иштирокчиён руҳу илҳоми тоза бахшид.