Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Иншои беҳтарин дар мавзӯи “Нест бод нашъаву нашъамандӣ!”

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бахшида ба  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Иншои беҳтарин”–ро дар мавзӯи “Нест бод нашъаву нашъамандӣ!” дар байни  хонандагони синфҳои болоии  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49 и ноҳияи мазкур баргузор намуданд.

Озмун дар ду давр баргузор гардид, ки дар он 60 нафар хонандагон иштирок намуда, ғолибон муайян ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Агентӣ  қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии  мазкур боз ҳам баланд бардоштани маълумотнокии хонандагон оид ба оқибат ва хатари истеъмоли маводи нашъадор ва ҷалби ҷавонону наврасон  ба хониш  ва тарзи ҳаёти солим мебошад.