Ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад, ки он аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарчашма мегирад.
Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Баъд аз ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва хондани суруди миллӣ, Директори Агентӣ генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ҷаласаро оғоз намуда, ба кормандон ва ҳайати шахсӣ табрикоту таманниёти худро бахшида ба ин санаҳои таърихӣ иброз намуданд.
Директори Агентӣ дар суханронии худ қайд намуданд, ки фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари Давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон, бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст.
Таърихи навини мо исбот кард, ки вакилони халқ он рӯзи тақдирсоз бо ин амали ояндабинона шахсияти басо сазовор, воқеан Пешвои миллатро интихоб намуданд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки мо миллати хушбахтем ва ба бахти мо тоҷикон таърих роҳбареро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳанпарастӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи миллату кишвари тоҷикон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор гузошта, мақому манзалат ва обрӯву эътибори мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ афзун намудааст.
Дар ҷаласа инчунин кормандони Агентӣ баромад намуда, аз кору пайкори ин абармарди қавиирода, сулҳпарвару сулҳхоҳ, ватандӯсту ватанҳоҳ ёдрас шуданд. Инчунин, филми мустанад дар бораи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин намоиш дода шуд.
Дар интиҳо роҳбарият аз кормандон хизмати софдилонаро тақозо намуда, бо шукргузорӣ аз фазои ободу озодӣ кишвари маҳбубамон ҷаласаро хотима бахшиданд.