Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ПАРЧАМ–РАМЗИ МУҚАДДАС ВА БАЁНГАРИ ТАЪРИХИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 23 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсии Агентӣ оғоз гардид.

Сипас Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бахшида ба ин рӯзи фархунда ба сухан баромада қайд намуданд, ки дар таърихи ҳар як халқу давлат санаҳое мавҷуданд, ки онҳоро бешакку шубҳа санаҳои сарнавиштсоз номидан мумкин аст. Таърихи пайдоиши парчами кишвари мо ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии қадим рост меояд.

Зикр гардид, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро парчами он муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам, маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангиву маънавии миллӣ ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.

Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки зери ин ливо мутаҳид бешем, ҳамеша ва дар ҳама ҷо онро пос дорем, барои ҳимоя ва поку муқаддас нигоҳ доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ, ин пос доштани Ватан, аҷдод ва таъриху суннатҳои халқи кишвар мебошад. Зикр гарид, ки мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки он абад парафшон ва пойдор бимонад.

Дар ҷаласа инчунин кормандони Агентӣ баромад намуда, оид ба тартиби афрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои муайян, моҳияти  ва заминаҳои ҳуқуқи он баромад карда, Парчамро таҷассумгари таърихи куҳан, рамзи  давлатдории миллӣ, ва пойдории давлат арзёбӣ намуда ва филми мустанад дар бораи Парчам ба ҳозирин намоиш дода шуд