Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ

Тибқи иҷрои дастуру супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандон ва ташаббуси роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 25 уми ноябри соли равон ярмарка – фурӯши маҳсулоти хурока ва ниёзи аввалия барои кормандони Агентӣ ва дигар корхонаҳои гирду атроф ва сокинони он баргузор карда шуд.

Дар ярмарка маҳсулоти гуногуни босифати ватанӣ, бахусус маводи ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, гушт, тухм, моҳӣ, маҳсулоти полезӣ, мевагӣ, макарон ва маҳсулотҳои донагӣ  бо нархи нисбатан арзон ба харидорон пешкаш карда шуд.

Бо иқдоми нек ва хайрхоҳонаи роҳбарияти Агентӣ ба кормандони ҳайати хизматрасон ва афсар – бонувон,  аксар маҳсулотҳо ба таври ройгон пешниҳод карда шуд.

Роҳбарияти Агентӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захира намудани маводи ғизоӣ барои кормандон дар мавсими зимистон, ният дорад ки дар оянда низ чунин иқдомҳоро амалӣ намоянд.

Бо истифода аз шароити фароҳамгардида кормандони Агентӣ ва дигар сокинони гирду атрофи он маҳсулоти ниёзи худро харидорӣ намуда, аз фаровонии ярмарка, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо изҳорӣ хушнудӣ ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмарка – фурӯши маҳсулоти хурока ва ниёзи аввалия барои кормандони Агентӣ ва дигар корхонаҳои гирду атроф ва сокинони он баргузор карда шуд.