07 декабри соли 2022, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе хонум Теа Ҷалиашвилӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ аз сатҳи хуби ҳамкориҳои судманди Агентӣ ва Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе ва самтҳои фаъолияти Агентӣ, вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, оид ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар назорат ва пешгирии нашъамандӣ ёдовар шуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори Агентӣ Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе, дар таъмири бинои маҷлисгоҳи хурди Агентӣ кумаки молиявӣ намуда, онро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонид, ки дар қабули меҳмонон ва баргузори чорабиниҳои гуногун аз қабили ҷаласа, семинар, мизҳои мудавар дар соҳаи коҳиши талабот ба маводи нашъаовар ва дигар чорабиниҳо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро дар густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти назорати маводи нашъаовар баён намуданд.