Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, машғулияти омӯзишӣ бо ҳайати шахсӣ ҷиҳати аз худ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ташкил ва баргузор карда шуд.
Шахсони масъули Агентӣ дар партави Паём, дар бораи натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ гаштани стратегияву барномаҳо дар ҷумҳурӣ ва дар ин замина боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва вобаста ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳифзи оромӣ ва осудагии кишвар суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар бораи барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд гардидани музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз, шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Қайд карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои онҳо бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ сухан ронда, ба мақомоти дахлдор супориш додаанд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гаравидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Баромадкунандагон инчунин дар бораи аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, сухан ронда, онро дастоварди бузурги ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуданд.
Дар охир аз кормандони Агентӣ даъват карда шуд, ки барои татбиқ ва сармашқи кору зиндагии худ қарор додани суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси “ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад” кӯшишу ғайрат намоянд.