Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Сафарҳои дохилӣ

Анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 то 11 апрели соли 2021 зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови …

Анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд Read More »

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

10 апрел дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд. Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 2 моҳи аввали соли 2021 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои …

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд Read More »

Тақдими тӯҳфаҳо ба 100 нафар ятими кул дар шаҳри Хуҷанд

10 апрел дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба 100 нафар ятими кул тӯҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуданд. Воқеан дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш маҷмӯи …

Тақдими тӯҳфаҳо ба 100 нафар ятими кул дар шаҳри Хуҷанд Read More »

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

Муҳтарам намояндагони мардуми шарафманди шаҳри бостонии Исфара ва деҳоти Ворух! Сафари навбатии мо ба шаҳри Исфара ва мулоқоти мову шумо дар рӯзҳои ҷашни бузурги Наврӯзи байналмилалӣ ва соли барои Тоҷикистони маҳбубамон воқеан таърихӣ, яъне 30 – солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад. Бинобар ин, кулли мардуми Исфараи бостонӣ, деҳоти Ворух ва ҳар яки шуморо ба ифтихори …

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Read More »

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

Дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи нави таҳсилоти миëнаи умумии рақами 74-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ …

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Read More »

Ифтитоҳи Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ифтитоҳ карда, бо шароити таълим дар иншооти нав шинос шуданд. Нахуст дар саҳни ҳавлӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Маркази таълимӣ ва намунаи …

Ифтитоҳи Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон Read More »

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд. Баландии сутунпояи рамзи давлатдорӣ 50 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Масоҳати умумии Майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази деҳот …

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Read More »

Ба истифода додани Маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамчунин дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”-ро ифтитоҳ намуданд. Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст – Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд …

Ба истифода додани Маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Read More »

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ дар шаҳри Бӯстон

7 апрел дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 3 миллион сомонӣ …

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ дар шаҳри Бӯстон Read More »

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд

7 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода …

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд Read More »