Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз
Ҳамватанони азиз! Хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям. Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими …