Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Сайёҳӣ

Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Осорхонаи миллии Тоҷикистон — 20 марти соли 2013 дар Душанбе расман ба фаъолият шуруъ кардааст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назди боғи Парчами миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии осорхона зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.Намоиши осори таърихӣ дар 22 толор, аз ҷумла 2 толори мудаввар сурат мегирад.         Инчунин осорхона …

Осорхонаи миллии Тоҷикистон Read More »

Истаравшан

Истаравшан маркази шаҳри Истаравшан ва яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Курушкада, Киропол (Кирэсхата), Уструшана, Суйдуйшана, Ӯротеппа баъзе аз номҳои пештараи ин шаҳр буданд. Истравшан дуюмин шаҳри тобеи вилояти Суғд мебошад. Масофаи байни Истаравшан ва маркази вилоят Хуҷанд 78 км ташкил медиҳад. Таърих гувоҳ аст, ки Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои …

Истаравшан Read More »

Ҳафткӯл

Ҳафткӯл – яке аз силсилакӯлҳои мавзеъҳои табиии Тоҷикистон мебошад. Ҳафткӯл дар нощияи Айнӣ кӯҳистони Фон қаторкӯҳҳои Зарафшон воқеъ аст. Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад. Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷоӣгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷоӣивазкунии …

Ҳафткӯл Read More »

Шаҳркадаи Тахти сангин

Шаҳркадаи Тахти сангин — дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад. Тахти сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва соли 2015 ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст. Маскани Тахти сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», …

Шаҳркадаи Тахти сангин Read More »

Зоркӯл

Зоркӯл – яке аз кӯлҳои Тоҷикистон мебошад. Кӯли Зоркӯл дар кӯҳистони шарқии Помир дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб ва ноҳияи Ишкошим) воқеъ аст. Зоркӯл аз шарқ то ба ғарб дар масофаи — 25 км тӯл кашидааст, масоҳаташ — 87 700 (га). Ин кӯл аз нигоҳи ҳудуд 389 км мураббаъ масоҳатро ишғол намуда, дар баландии 3914 м …

Зоркӯл Read More »

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

Дар соли 1999 дар майдони Дӯстӣ дар қисми марказии ноҳияи маъмурии Исмоили Сомонии ш. Душанбе, ба муносибати таҷлили 1100 – солагии ҷашни давлати Сомониён – аввалин давлати тоҷикон, “Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” ва муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) — Исмоили Сомонӣ сохта шуд. Майдон соҳиби номи нав – майдони”Дӯстӣ”гардид. Баландии …

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ Read More »

Осоишгоҳи “Зумрад”

Осоишгоҳи «Зумрад», дар соҳили дарёи Исфара, дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 3 километр аз маркази шаҳр, 110 километр аз маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Вороруд доман паҳн кардаааст. Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва зебоманзартарин қисми ноҳияи Исфара ба шумор меравад. Ин мавзеъ бо табиати …

Осоишгоҳи “Зумрад” Read More »

ДАРАИ РОМИТ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои сайёҳӣ зиёданд, ки аксари онҳо аз даврони истиқлолият ҳамчун минтақаҳои сайёҳӣ шинохта шудаанд. Яке аз ин минтақаҳои сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир шудааст. Шаҳри Ваҳдат яке аз шаҳрҳои пешрафта ва минтақаи сайёҳии кишвар ба шумор рафта, бо табиат ва иқлими мусоиди худ дорои ҷойҳои истироҳатию фароғатӣ ва табобатӣ аз қабили дараи …

ДАРАИ РОМИТ Read More »

Сафеддара – минтақаи сайёҳӣ ва варзишии зимистона

Сафеддара ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмааи мазкур ҳанӯз дар даҳаи 70-уми асри гузашта дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шуда, дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст. Иқлиму мавқеи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Такоби  ноҳияи Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин …

Сафеддара – минтақаи сайёҳӣ ва варзишии зимистона Read More »

Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум»

  Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» дар ҳудуди ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Масоҳати мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» 19700 га аст. Даштиҷум дар доманаи ҷанубии каторкӯҳи Дарвоз ҷойгир аст. Мамнӯъгоҳ бо мақсади нигоҳдории охирин маскани зисти бузҳои шохпечи Мархура ва Муфлони осиёимиёнагӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. Мақсади асосии мамнӯъгох аз омӯзиш, барқарор ва …

Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» Read More »