Осорхонаи миллии Тоҷикистон

      Осорхонаи миллии Тоҷикистон — 20 марти соли 2013 дар Душанбе расман ба фаъолият шуруъ кардааст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назди боғи Парчами миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе ҷойгир шудааст.        Масоҳати умумии осорхона зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.Намоиши осори таърихӣ дар 22 толор, аз ҷумла 2 толори […]

Осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм”

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осоишгоҳу табобатгоҳҳои зиёде мавҷуд аст, ки дар онҳо барои қабули беморон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Яке аз чунин ҷойҳои зебоманзар ва барои табобату истироҳат муфид Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», воқеъ дар ноҳияи Варзоб мебошад, ки аз соли 1935 то инҷониб меҳмононро қабул менамояд.           Ин осоишгоҳ дар баландии қариб 2000 метр […]

Хуш омадед ба Тоҷикистон!

Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ!

Ватани Ман!

Чилучорчашма

Чилучорчашма – яке аз ёдгориҳои табии  ва экологии Тоҷикистон мебошад. Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир аст. Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола ва қадамҷойи ҳазрати Алӣ, аз ёрони Расули Худо, шинохта шудааст. Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя хеле […]

Чилдухтарон

Чилдухтарон – номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд. Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кўҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз […]

Қасри Арбоб

Қасри    Арбоб – яке  аз  қасрҳои  бошукӯҳи  фарҳангӣ ва  санъати  хосаи  меъморию  тасвирии  вилояти  Суғд  мебошад,  ки дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров  ҷойгир шудааст. Халқи тоҷик анъанаҳои бойи санъати меъморӣ дорад. Қалъаҳои шаҳрҳои Хуҷанду Ҳисор, нақшу нигори Панҷакенти қадима, Шаҳристони асримиёнагӣ, мақбараи Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, Ҳазрати Шоҳ дар Исфара, мадрасаҳою масоҷид дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистони […]

Боғи Ғалаба

Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст. Муаллифон маҷмааи Боғи Ғалабаро дар ҷойи ноҳамвор чунон моҳирона эҷод кардаанд, ки тамоми маҷмаа аз тарафи шаҳр, кӯчаҳо, майдонҳову минтақаҳои алоҳидаи он хеле хуб дида мешавад. Меъморон ҳангоми кашидани лоиҳа нақшаи аниқи ҳаракати тамошобинонро фикр кардаанд. Шахс ҳангоми ҳаракат қаҳрамониҳои падарону бобоёнро, […]

Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Дар маркази шаҳри  Кӯлоб, дар минтақаи боғ, ки дарахтони чанори чанд асра шинонида шудаанд, маҷмааи ёдгории Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – шоир, файласуф ва мутафаккири асри 14 мавҷуд аст. Дар ин ҷо писари ӯ Муҳаммад,  ва хешовандони сершумораш, инчунин нигоҳбони собиқи мақбара ва масҷиди назди ӯ Шайх Шоҳи Толиқонӣ аз шаҳри Толуқони Афғонистон дафн карда […]

ҲУЛБУК

Дар асоси сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихии юнонӣ, чиннӣ ва арабу-форсӣ инчунин ғановату гуногуншаклии бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳулбук – пойтахти Хутталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш, шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хутталон ба ҳисоб мерафт. Маданияти шаҳрсозии Ҳулбук аз рӯи тарҳи возеҳи меъморӣ ва […]

Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон»

Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон» — яке аз Мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда дар ҷануби Тоҷикистон дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷойгир аст. Масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49 700 га ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳи табии «Бешаи палангон» бо қарори Комисариати халқии кишоварзии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст. Мамнуъгоҳ дар ҳудуди имрӯза ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ аст ва яке аз ҷойҳои тамошобоби Минтақаи сайёҳии водии Вахш мебошад. Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи […]

Кӯли Сарез

Пайдоиши яке аз зеботарин кӯл дар Тоҷикистон  ба офати асри ХХ вобастагӣ дорад. Кӯли Сарез, дар куҳҳои Помири Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ки садсол муқаддам дар натиҷаи заминларзаи шадид, ки боиси фаромадани ярч гашта ва дар навбати худ ба сарбанди азим дар баробари дарёи Мурғоб табдил ёфт, таъсис ёфтааст. Ҳоло сарбанд Усой ё кӯли Саррез номида […]

ШАҲРИ БОСТОНИИ ҲИСОР

  Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Ҳисор аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид, кӯҳҳои пурфайз, дарёҳои сероб, заминҳои зархез ва дороии ёдгориҳои ҳама давр диқати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд. Одамон ҳануз 40-50 ҳазор сол қабл дар ин мавзеи бобаракат маскун шуда, ба зироаткорию чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд. […]

САРАЗМ

Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи ёдгории таърихӣ қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри […]

Боғи миллии тоҷик – муассисаи ҷаҳонии ЮНЕСКО

Боғи миллии тоҷик – муассисаи ҷаҳонии ЮНЕСКО буда яке аз боҳашаматтарин ҷои куҳҳи дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ин боғ ҷазобтарин ҷойҳои таббии дар ҳудуди 2, 5 миллион гектар бо қулаҳои баланд, садҳо кул ва дарёҳо, пиряхҳо ва чашмаҳои гарм, ғайр аз ин растаниҳои гуногунро фаро гирифтааст. Боғ дар худ кулҳои зебои табии ба […]