Боғи Ғалаба

Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст. Муаллифон маҷмааи Боғи Ғалабаро дар ҷойи ноҳамвор чунон моҳирона эҷод кардаанд, ки тамоми маҷмаа аз тарафи шаҳр, кӯчаҳо, майдонҳову минтақаҳои алоҳидаи он хеле хуб дида мешавад.

Меъморон ҳангоми кашидани лоиҳа нақшаи аниқи ҳаракати тамошобинонро фикр кардаанд. Шахс ҳангоми ҳаракат қаҳрамониҳои падарону бобоёнро, ки барои ояндаи насли наврас ҷонашонро қурбон кардаанд, дарк менамояд. Тамошобинон бо зинапоя аз Майдони андӯҳ гузашта, ба майдончаи назоратӣ мерасанд, ки аз он ҷо Гулгашти қаҳрамонон (60 Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ) ибтидо меёбад.

Аз хатти намо қад-қади майдонча ва зинапоя тахтасангҳои болои қабр бо нақшҳои муқарнасӣ гузошта шудаанд. Болотар аз он майдончаи меҳмонон воқеъ аст, ки дар девори мармариаш ба шарафи ҷанговарон ба ҳарфҳои зарҳалӣ «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» навишта шудааст.

Дар маҷмаа маводи ороишӣ — сангҳои табиии гуногунҷинс, мармар, тахтаҳои оҳану бетонӣ, филиз ва ғ. истифода шудаанд. Маҷмааи Боғи Ғалаба бо зебоии меъморӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст ва дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳми арзанда дорад.
Дар ин ҷо ҳар сол 9 май намоиши паради ҳарбӣ баргузор мешавад, наваскарон қасами ҳарбӣ ёд мекунанд ва навхонадорон барои сайру тамошо ба ин боғ меоянд. Боғи Ғалаба ҷойи дӯстдоштаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он мебошад.