ГАРМЧАШМА

Гармчашма – чашмаи гарми минералӣ дар Тоҷикистон буда, он дар қисмати миёнаи шохоби дарёи Панҷ дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Шаҳдараи Помир, дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир мебошад.

Дар 42-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ, 60-километрии деҳаи Ишкошим, осоишгоҳи Гармчашма фаъолият мекунад, ки дар онҷо чашмаҳои минералии табии зиёд мавҷуд мебошад. Ин чашмаҳоро бори аввал соли 1928 минералоги рус А.Н.Лабунсов ва ёрдамчии ӯ Н.И.Березкин таҳқиқ кардаанд.

Обҳои маъданӣ аз қаъри чуқури ҷинсҳои кристаллӣ ва метаморфикии қадим дар шакли грифинҳои фаввора ба рӯи замин меоянд. Баромадгоҳҳои ин обҳо дар қуллаи теппаҳо ҷойгиранд, ки дар зарфи мавҷудияташон шушаҳоро (травертин) бо баландии 7-8 метр ва дарозии то 1500 метр ба вуҷуд овардаанд.

Кӯҳ – теппаи Гармчашма ба сӯи дарё нишеб аст. Дар ин маҳал панҷ зина қабатҳои шушаҳо (травертин) мавҷуданд, ки синну солашон гуногун аст. Дар оби чашмаҳои Гарм-Чашма сулфиди карбон, хлорид-гидрокарбонат, кремнийи натрий мавҷуд мебошад. Сулфиди гидроген дар об 170 мг/л буда, ҳарорати миёнаи об 59°C мебошад. Минерализатсияи умумиаш бошад ба 3,0 – 3,3 г/л мерасад.

Аз сабаби минерализатсияи баланди об ва ҳарорати он, дар ҷойҳои фаворазании обҳо ҷамъшавии қатрагии карбонати калтсий, сталактитҳои зебои калон ба мисли яхпораҳои шишагин ба вуҷуд омадаанд. Соли 2009 дар ҳудуди чашмаи шифобахши “Гармчашма” маҷмааи нави солимӣ ва сайёҳӣ бунёд карда шуда, дар заминаи он меҳмонхонаи 3-ситора, истироҳатгоҳ ва ҳуҷраҳои оилавӣ сохта ба истифода дода шуд. Бояд гуфт, ки маҷмааи тандурустӣ ва сайёҳӣ метавонад дар як шабонарӯз тақрибан 240 меҳмонро қабул намояд. Иншооти мазкур моҳи июни соли 2010 ба истифода дода шуд.