ДАРАИ РОМИТ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои сайёҳӣ зиёданд, ки аксари онҳо аз даврони истиқлолият ҳамчун минтақаҳои сайёҳӣ шинохта шудаанд. Яке аз ин минтақаҳои сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир шудааст. Шаҳри Ваҳдат яке аз шаҳрҳои пешрафта ва минтақаи сайёҳии кишвар ба шумор рафта, бо табиат ва иқлими мусоиди худ дорои ҷойҳои истироҳатию фароғатӣ ва табобатӣ аз қабили дараи Ромит, Мамнӯъгоҳи Ромит, гармчашмаи шифобахши “Зайрон”, оби шифобахши “Шӯр”, пойгоҳи сайёҳӣ ва ғайра мебошад, ки дар ҳудуди онҳо мавзеъҳои табобатию сайёҳӣ бисёранд ва тӯли солҳои зиёд дар хизмати сокинони кишвар ва сайёҳони берун аз кишвар қарор доранд.

Дараи сайёҳиву истироҳатии Ромит дар миёни дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҷойи намоёнро ишғол намуда, соли 1959 бо қарори Ҳукумати Шӯравӣ ташкил карда шудааст ва он аз 18 сентябри соли 2000-ум бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дараи Ромит минтақаи сайёҳию истироҳатии Тоҷикистон” эълон гардидааст. Мувофиқи маълумотҳо дараи Ромит дар паҳнои 16 200 гектар замин доман густурда, дар “Мамнӯъгоҳи давлатии табии Ромит” муттаҳид карда шудааст ва то 50 километр тӯл мекашад. Ин дара дар самти Шарқ ба Обигарм ва аз тариқи дараи Канаск ба дараи Камароби ноҳияи Рашт, дар Ғарб аз тариқи Роҳатӣ ва теппаи Самарқандӣ ба дараи Варзоб ва аз он тараф то марзи Регар бо Ӯзбекистон, инчунин дар самти Шимол ба навоҳии Айниву Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон роҳ дорад.

Дараи хушманзараи Ромит дар болооби дарёи Кофарниҳон ҷойгир буда, номашро аз номи деҳаи зебои Ромит гирифтааст. Дар дараи мазкур меҳмонхонаву тарабхонаҳои замонавӣ ва чойхонаҳои миллӣ сохта шудаанд, ки дар давоми сол метавонанд садҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро қабул намоянд. Гармчашмаи шифоии “Зайрон” низ дар ҳамин дара ҷойгир аст, ки мисли дигар гармчашмаҳои ҷумҳурӣ маълуму машҳур аст. Ин оби шифобахш барои табобати дарди миёну пой, буғумҳо хеле муфид аст.

Дар ин минтақа гармхонаҳои тобистона, фабрикаи парандапарварӣ, заводи консервабарорӣ, идораи занбӯри асалпарварӣ, хоҷагиҳои ҷангали Кофарниҳон, Ромит, якчанд истироҳатгоҳҳои корхонаву идораҳои давлатӣ ва ғайра ҷойгиранд.

Ҳамасола дар дараи Ромит лагерҳои истироҳатии тобистона ба монанди “Ҳамсафар”, “Афсонаи кӯҳӣ”, “Кайҳон”, “Булбулакон”, “Явроз” ва ғайра фаъолият менамоянд, ки аз тамоми гӯшаҳои мамлакат наврасон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат, ҷавонон аз корхонаҳо ва кумитаҳои гуногун барои истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Ҳангоме ки аз ин мавзеъ дидан менамоем, зебогии кӯҳу даман ва табиати зебо ва нотакрори онро эҳсос мекунем. Обҳои зулоли ин минтақа ба кас рӯҳу илҳоми тоза бахшида, манзараҳои он диққати шахсро ба худ ҷалб мекунанд.