Истаравшан

Истаравшан маркази шаҳри Истаравшан ва яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Курушкада, Киропол (Кирэсхата), Уструшана, Суйдуйшана, Ӯротеппа баъзе аз номҳои пештараи ин шаҳр буданд. Истравшан дуюмин шаҳри тобеи вилояти Суғд мебошад. Масофаи байни Истаравшан ва маркази вилоят Хуҷанд 78 км ташкил медиҳад.
          Таърих гувоҳ аст, ки Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги хоси хешро дошта, дар ҳаёти сиёсию иктисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ин қаламрав нақшу мавқеъи муҳимро бозидааст. Аз ин рў, беҳуда нест, ки онро ҳамсамту ҳамрадифи шаҳрҳои машхури Бухорою Самарқанд мешуморанд.       Ҳар пора хишту похсадевори осори кухани Истаравшани бостонӣ аз афтидану хестанҳо, сӯхтану сохтанҳо, шикастану пайвастанҳо ва борҳо завол ёфтану бозгашта эҳё шуданҳо, яъне аз тамаддуни дерина, давлатдории кӯҳанбунёд ва заҳматписандию ободгарии миллати ҷафокашидаю сарбаланди    тоҷик  қисса          мекунад.
          Ин шаҳри қадима аз макони афсонаҳои зинда тули 600-700 соли охир Ӯротеппа ном дошт. Таърих мисолеро ёд надорад, ки ин ё он шаҳре мисли Истаравшан аз рӯзи пайдошавӣ дар саҳфаи таърихи тамаддуни инсоният шаҳр ё кишвари қалъа андар қалъа ёд шавад. Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъаи Меҳнат, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва ғайра, ки имрӯз номи бархе аз мавзеъ ва деҳоти Истаравшанро ба худ гирифтаанд, дар рӯзгори мози дижу истеҳкоми Курушкада (Кирополь) Истаравшан–Ӯротеппаро       дарбар        мегирифтаанд.
           Сарфи назар аз он, ки ин шаҳри дар гузашта мустақил вилояти маъмул ва шаӽри азим дар дарозии даврони таърихи борҳо хароб гардидаю аз нав эҳё гардидааст, тавассути заҳмати дастони тиллоии ҳунармандони мумтозаш ва мардуми бонангу ору номуси Истаравшан, суннатҳои фархангию хунари хифзшуда ғанитар мегарданд.

          Гулдузону дарзиёни моҳири Истаравшан, сузанӣ, зардеворӣ, камарбанд, ҷойнамоз, туппиҳои (тоққи) мардонаю занона ва бачагона ва соири дигари хунарҳои мардумиро машхур гардониданд.

          Гузарҳои заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кордгарӣ, дегрезон, шонатарошон, косабофон, читгарон, кулолгарон, осиёдурусткунон, чармгароне ва ғайра ҳоло ҳам ҳастанд ва ҳунарҳои дурудгариву хиштпазӣ, танурсозиву кафшдузӣ, собунпазиву аллофӣ, ресандагию қолинбофӣ, қошуқтарошию наългарӣ ва ғайра аз ҷумлаи ҳунарҳои мардуми заҳматкаши Истаравшан мебошад. Дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати кишвар мардуми Истаравшан бори нахуст соли 2002, 2500 солагии шаҳри қадимаро ҷашн гирифт.