Кӯли Сарез

Пайдоиши яке аз зеботарин кӯл дар Тоҷикистон  ба офати асри ХХ вобастагӣ дорад. Кӯли Сарез, дар куҳҳои Помири Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ки садсол муқаддам дар натиҷаи заминларзаи шадид, ки боиси фаромадани ярч гашта ва дар навбати худ ба сарбанди азим дар баробари дарёи Мурғоб табдил ёфт, таъсис ёфтааст. Ҳоло сарбанд Усой ё кӯли Саррез номида мешавад.

Дар оғози асри 20, зимистони соли 1911, лағжиши азим дар куҳҳои Помир, дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон сарбанди “табии” ро ба вуҷуд оварда, дарёи Мурғобро пурра баст.

Ин офат қишлоқи (деҳаи) Усойро ба пуррагӣ аз байн бурд. Дар замони ҳозир аксари манбаъҳои адабӣ ин ҷойро сарбанди Усой ном мебаранд. Ҳаҷми сарбанди дар натиҷаи ярч ба вуҷуд омада тақрибан 2км3, баландиаш бошад – 567 м, баландиаш аз сатҳи кӯл дар нуқтаи пасттарин-38м мебошад.

Бо гузашти вақт, дарҳол паси сарбанди Усой як кӯл пайдо шуд, ки дар тӯли чкчанд соли аввал бо суръати тақрибан 75м/ сол афзоиш ёфт. Дар аксари сарчашмаҳо сарбанд бо ду ном муаррифӣ мешавад: Якум-сарбанди Усой, дуюм- кӯли Саррез. Дар аввал ном ба ярче, ки деҳаи Усойро хароб кардааст ва баъдан ба шарофати деҳаи фоҷеабор аз байн рафта таалуқ дошт.Вақте, ки сатҳи об дар давоми на камтар аз як сол боло рафт, деҳаи дигар – Сарезро, ки баъд аз деҳаи Усой ҷойгир буд, зери об монд.

Баъд аз ин ҳодиса номи дуюм ва маъмултарин- кӯли Саррез ба таври умум қабул карда шуд. Пайдоиши сарбанд хатари азимеро ба миён овардааст. Пеш аз ҳама, барои маҳалҳои аҳолинишини поёноби дарёҳои Бартанг, Панҷ ва Амударё, хатарнок аст ва дар сурати кандашавии сарбанд, миқдори зиёди оби сел то ба қаламрави баҳри Арал хоҳад расид.

Дар айни замон, дарозии кӯл тақрибан- 70км, чуқурии максисалии ченшаванда -тақрибан 500м, сатҳи об – тақрибан 3255 м аз сатҳи баҳр, ҳаҷми об бошад – зиёда аз 17км3 мебошад.

Баландии сатҳи баҳр аз 3200 метр аз сатҳи баҳр баланд буда, қуллаҳои атрофро иҳота намуда, аз сатҳи баҳр ба зийда аз 6000 метр мерасад. Дар айни замон аз сатҳи кӯл то нуқтаи поёни сарбанди Усой танҳо 50 метр боқӣ мондааст. Мувофиқи маълумоти маркази назоратӣ дар кӯли Сарез, он ҳар сол ба ҳисоби миёна 20см меафзояд.

Сарбанд табиати аз ҳама баландтарин дар рӯи замин ҳисобида мешавад.

Дар ҳолати рахна шудани кӯли Сарез, он тамоми деҳаҳоро аз рӯм замин тамоми деҳаҳоро аз атрофи ҳавзаи Амударё нобуд сохта ва сипас ба баҳри Арал хоҳад расид.

Масофаи байни кғли Сарез ва Баҳри Арал зиёда аз 2000 км ро ташкил медиҳад. Дар ин масофаи тӯлонӣ тақрибан 5 миллион нафар сокинони чор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Узбекистон ва Туркманистон ба сар мебаранд.