Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон»

Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон» — яке аз Мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда дар ҷануби Тоҷикистон дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷойгир аст. Масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49 700 га ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳи табии «Бешаи палангон» бо қарори Комисариати халқии кишоварзии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст. Мамнуъгоҳ дар ҳудуди имрӯза ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ аст ва яке аз ҷойҳои тамошобоби Минтақаи сайёҳии водии Вахш мебошад. Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»  ро туғайзор ташкил медиҳад.

Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхӯрони даранда – паланги тӯронӣ «Бешаи палангон» номгузорӣ шудааст. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ин намуди ҳайвони ширхӯр то солҳои 50-уми асри гузашта дучор мешуд. Олими  рус Р.Л. Потапов  дар  асари худ  «Тигровая балка» чандин ҳодисаҳои вохӯрии одамонро бо палангҳо ёдрас шудааст. Вуҷуди паланги тӯронӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сатҳи рӯйи замин нест шудааст.

Мамнуъгоҳ манзараҳои гуногуни табиӣ дорад, аз як тараф минтақаи биёбон, аз тарафи дигар минтақаи туғайзор, кӯлҳои сершумори мамнуъгоҳро иҳота намудаанд, ки ба табиати он боз ҳам зебоӣ ва гуногунрангӣ мебахшад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ, инчунин, поёноби дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Айни ҳол дар ҳудуди мамнуъгоҳ зиёда аз 20 кул боқӣ мондааст. Кулҳои мамнуъгоҳ макони зисти обсабзаҳо, содатаринҳо, харчангҳо, гамбускони обӣ, нармтанҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар кулҳои мамнуъгоҳ айни ҳол 16 намуди моҳӣ зист мекунанд, ки баъзеи онҳо намудҳои эндемикӣ, яъне доираи паҳншавии маҳдуддошта мебошанд. Аз намояндагони синфи ширхӯрон дар ҳудуди мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ, ғизол, гурбаи қамишзор, мири мушон, хуки ваҳшӣ, ҳашаротхӯри пакана, ҷайраи ҳиндӣ ва ғайра дучор мешаванд. Яке аз зеботарин намуди ширхӯрони мамнуъгоҳ ин гавазни бухороӣ мебошад, ки дар туғайзорҳои мамнуъгоҳ паҳн шудааст.

Мутаассифона, дар давраи нобасомониҳои солҳои 1992-1993-ум саршумори ин намуд аз сабаби шикори ғайриқонунӣ коҳиш ёфта буд. Лекин бо саъюу кушиши кормандони мамнуъгоҳ солҳои охир саршумори ин намуд рӯ ба афзоиш овард ва тибқи маълумотҳои солҳои охир дар мамнуъгоҳ 250 гавазни бухороӣ вомехурад.

Олами набототи мамнуъгоҳ низ хеле бой аст. Мувофиқи маълумотҳои олими соҳа дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди растаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор 322 намуд растаниҳои хӯроки чорво, 49 намуд растаниҳои техникӣ, 44 намуд растаниҳои дармонӣ, 10 намуд растаниҳои муфтхӯр ва 22 намуд растаниҳои заҳрнок мебошанд.

Аз намудҳои нодир ва камшумори растаниҳо дар ҳудуди мамнуъгоҳ занбӯруғи даштӣ, усманияи поячааш дарози хам, лолаи Тюберген, каперси Розанов, дубаргаи бухороӣ ва ғайра дида мешавад, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.

Олами ҳайвоноту наботот чун як ҷузъи табиати зинда, яке аз манбаҳои муҳими зебогии он мебошад ва масъалаи муҳофизати табиат аз нуқтаи назари нигоҳ доштани намудҳои гуногуни ҳайвоноту наботот яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар тамоми сатҳи рӯйи замин гаштааст. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он, ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ дар роҳи ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи устувори гуногунии биологии ин мамнуъгоҳ нақша-чорабиниҳои гуногунро амалӣ менамоянд, то ҳолати табиии мамнуъгоҳ ба стандартҳои байналмилалии ҳудудҳои ҳифзшаванда ҷавобгӯ бошад ва он статуси «мамнуъгоҳи биосферавӣ»-ро соҳиб шавад. Аз ин рў, муносибати оқилона ба табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа омилҳои асосие мебошанд, ки дар оянда ҷиҳати ҳифзу нигаҳдории гуногунии биологӣ нақши муассир мегузоранд. Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо на танҳо масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист, балки тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои ҷомеаи кишвар низ муваззаф мебошанд. Соли 1998 вобаста ба таҷлили 60-солагии мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 1998 таҳти № 1037 «Оид ба беҳтар намудани фаъолияти мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ба тасвиб расид, ки дар заминаи он як қатор қарорҳои дахлдор ҷиҳати беҳдошти вазъи экологии мамнуъгоҳ қабул гардид.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ба Ташкилоти байналмиллалии ЮНЕСКО ҷиҳати ба мамнуъгоҳ додани статуси «мамнуъгоҳи биосферавӣ» муроҷиатнома пешниҳод намоянд. Инчунин, дар буҷаи давлатӣ ҷиҳати ба ҳолати меъёрҳои стандарти байналмилалии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ҷавобгў гардонидани ин мавзеъ ҷудо намудани маблағгузориро пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, ба Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки то 15 августи соли 1998 аз ҳудуди мамнуъгоҳ нуқтаҳои назорати ҳарбӣ берун бароварда шаванд. Қарорҳои қабулгардида аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи табиат, гуногунии биологӣ ва кам кардани таъсири номатлуби фаъолияти инсон ба муҳити атроф тадбирҳои муассир меандешанд, то ин гӯшаи нотакрори табиат ва олами ҳайвоноту набототи он ба наслҳои оянда низ боқӣ монад.