Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум»

Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» дар ҳудуди ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Масоҳати мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» 19700 га аст. Даштиҷум дар доманаи ҷанубии каторкӯҳи Дарвоз ҷойгир аст. Мамнӯъгоҳ бо мақсади нигоҳдории охирин маскани зисти бузҳои шохпечи Мархура ва Муфлони осиёимиёнагӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст.       

          Мақсади асосии мамнӯъгох аз омӯзиш, барқарор ва ҳифзи навъ (популятсия) аҷоиби табиии бузи пармашох (мархур), ҳифзи растаниҳои ғизоию табобатӣ ва навъ (популятсия) он – зираи бухороӣ иборат буд. Олами растаниҳои мамнуъгох гуногун аст: ҷамоаҳои юған, камол, ширеш, бодом, челон, калофак, писта номгӯи ками онҳост. Дар мамнӯъгоҳ намудҳои нодир ва камчин, ба монанди савсан, пиёзҳо, лола, намудҳои растаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ, аз ҷумла нок, анҷир, хурмо, анор ва зираи бухороӣ, ки дар замони мо дар сатҳи табиӣ навъ (популятсия) ва ҷамоаҳои он фақат дар ҳамин мамнӯъгоҳ боқӣ мондааст, месабзанд.

          Аз олами ҳайвонот бузи пармашох (мархур), агамаи туркистонӣ, баҳтур, гурза, мори обӣ, бургут, гунҷишки испанӣ, кабк, хирс, паланг, гург ва ғайра зиндагй мекунанд.