Осоишгоҳи “Зумрад”

Осоишгоҳи «Зумрад», дар соҳили дарёи Исфара, дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 3 километр аз маркази шаҳр, 110 километр аз маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Вороруд доман паҳн кардаааст. Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва зебоманзартарин қисми ноҳияи Исфара ба шумор меравад. Ин мавзеъ бо табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, меваҳои шарбатрез, дарахту буттаҳои ороишӣ, дарёи шӯхи кӯҳиву ҳавзҳои пуроб аз қадим манбаи сиҳативу омили табобат барои мардум будааст.
          Зумрад аз ҷумлаи беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ буда, дорои  хобгоҳои замонавӣ,  биноҳои табобатӣ, қасри «Шифокорон» бо китобхона, чойхона, Осорхонаи тибби тоҷик, ошхона, қаҳвахона, озмоишгоҳи биокимёвӣ, шуъбаи ташхисӣ ва шуъбаи дандонпизишкӣ мебошад.

          Ҳудуди умумии осоишгоҳ 20 гектар буда онро буттаҳою дарахтони нодири ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо зебоӣ мебахшанд. Дарёчаи шӯхи Исфара, ҳавзу ҷӯйборҳои ҳудуди осоишгоҳ ҳаворо аз озон бой намуда ба мардум таровати махсусе ҳадя менамоянд, чаҳ – чаҳи булбулу хониши паррандагони ин мавзеъ асабро ором намуда, ба ҷисму ҷони инсон оромию фараҳ мебахшанд.