Осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм”

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осоишгоҳу табобатгоҳҳои зиёде мавҷуд аст, ки дар онҳо барои қабули беморон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Яке аз чунин ҷойҳои зебоманзар ва барои табобату истироҳат муфид Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», воқеъ дар ноҳияи Варзоб мебошад, ки аз соли 1935 то инҷониб меҳмононро қабул менамояд.

          Ин осоишгоҳ дар баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар нишебии қаторкӯҳҳои зебои Ҳисор ҷойгир буда, дар атрофи он ҷангалҳои боҳашамат ҷой гирифтаанд. Дар ин макон барои сайёҳон ва истироҳаткунандагон тамоми шароитҳои истироҳативу маишӣ фароҳам оварда шудааст.
Осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм” ягона осоишгоҳест, ки дар он беморонро ба буғи радиоактивӣ  муолиҷа мекунанд.