Осорхонаи миллии Тоҷикистон

      Осорхонаи миллии Тоҷикистон — 20 марти соли 2013 дар Душанбе расман ба фаъолият шуруъ кардааст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назди боғи Парчами миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе ҷойгир шудааст.

       Масоҳати умумии осорхона зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.Намоиши осори таърихӣ дар 22 толор, аз ҷумла 2 толори мудаввар сурат мегирад.         Инчунин осорхона дорои толор барои 300 ҷои нишаст, панҷ махзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, дувоздаҳ ҳуҷра барои озмоишгоҳ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад.

        Шуъбаҳои осорхона дорои толорҳои канданиҳои фоиданок ва табиат, таърихи кадим ва асри миёна, нав ва навтарини Тоҷикистон, санъати тасвирӣ ва мардумӣ, толори тӯҳфахазинаҳои давлатӣ мебошанд.

        Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарварон ва дигар роҳбарони воломақоми давлатҳои ҷаҳон туҳфа карда шудаанд.

        Ба хазинаи осорхонаи миллӣ – 2278 ёдгориҳо ва намунаҳои ҳунару ашёи муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ аз тариқи харид, тӯҳфа ва ташкили экспедитсияҳои илмӣ ворид шудаанд.

         Дар гулгашти бинои нави осорхонаи миллӣ 22 муҷассамаи шахсиятҳои намоёни таърихӣ гузошта шудааст.