Сафеддара – минтақаи сайёҳӣ ва варзишии зимистона

Сафеддара ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмааи мазкур ҳанӯз дар даҳаи 70-уми асри гузашта дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шуда, дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст. Иқлиму мавқеи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Такоби  ноҳияи Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин ҷой то моҳи май об нашавад. Масофаи байни шаҳри Душанбе ва минтақаи мазкури сайёҳӣ 55 километрро ташкил медиҳад.

Сафеддара дар баробари дар баландии кӯҳҳо ҷойгир шуданаш шароити ҳамаҷиҳатаи зиндагонӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхона, ҳавзи болопӯшида, роҳи лижаронӣ, майдони яхин, толор барои рақс, толори синамо, маркази шабонаи дилхушӣ, ҷиҳози варзишиву дигар анвои истироҳатиро дорост.