Чилдухтарон

Чилдухтарон – номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд. Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кўҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.

Дар замонҳои хеле қадим тўдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурўхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зуран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Мӯъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Як гуруҳ духтарон ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сўи кўҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тўдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рў оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсиратон рў ба рў насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанўз дар қиёманд.