Чилучорчашма

Чилучорчашма – яке аз ёдгориҳои табии  ва экологии Тоҷикистон мебошад. Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола ва қадамҷойи ҳазрати Алӣ, аз ёрони Расули Худо, шинохта шудааст. Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мазеъ, ки дашту биёбон буд (то обёрӣ кардан ва сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шӯравӣ), аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷўйбори калони васеъгиаш 12-13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст.Чилучорчашма мавзеи зиёрат ба шумор меравад. Зиёраткунандагон ин ҷо таҳорат мекунанд, намоз мегузоранд, қурбонӣ меоваранд ва дар оби чашма оббозӣ мекунанд. Пажӯҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рӯҳӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошад. Имрӯз дар ҳудуди чашма боғи калони дарахтони мевадор воқеъ аст. Ҳамчунин чанд хона барои зиёраткунандагон сохта шудааст. Зиёраткунандагон асосан аз моҳи апрел то моҳи сентябр сершуморанд.