Қасри Арбоб

Қасри    Арбоб – яке  аз  қасрҳои  бошукӯҳи  фарҳангӣ ва  санъати  хосаи  меъморию  тасвирии  вилояти  Суғд  мебошад,  ки дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров  ҷойгир шудааст.

Халқи тоҷик анъанаҳои бойи санъати меъморӣ дорад. Қалъаҳои шаҳрҳои Хуҷанду Ҳисор, нақшу нигори Панҷакенти қадима, Шаҳристони асримиёнагӣ, мақбараи Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, Ҳазрати Шоҳ дар Исфара, мадрасаҳою масоҷид дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз гузашта мерос мондаанд, намунаи барҷастаи ин маданият ба ҳисоб меравад.

Дар қатори иншоотҳои пурмӯҳташами меъмории асри бисти тоҷик қасри Арбоб ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев, боҳашамату санъати хосаи меъморию тасвирӣ шӯҳраташ аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун рафтааст.

Номи қаср бо шарофати дар он баргузор гардидани Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вирди забонҳо гашта, имрӯз аз ҳарвақта бештар таваҷҷӯҳи халқро сазовор гаштааст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия низоми давлатдорӣ ва сохтори конститутсионӣ барқарор гардид ва роҳбарияти нави давлат ба сари ҳокимият омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин қаср, дар иҷлосияи зикрёфта Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳаёти имрӯзаи мамлакат дуруст ва оқилона будани интихоби ҳамонвақтаи роҳбари давлатро исбот кардааст.

Ороиши даромадгоҳи Қаср ва саҳни он бинандаро ба ҳайрат меорад. Дар зери ҳамаи тирезаҳои тарафи саҳн, дар пештоқи даромадгоҳи марказй, дар байни нақшҳо аз осори шоирони асри X сар карда то шоирони барҷастаи имрӯз байту рубоиҳо сабт карда шудаанд.   Ороиши дохили бино дар ҳақиқат намунаи барҷастаи эҷодиёти халқ ва санъати меъморию наққошӣ мебошад. Дар ин бинои боҳашамат хонае нест, ки бо гаҷкорӣ зиннат дода нашуда бошад. Нақшҳои хурду калон то ба дараҷае мураккаб ва ҷолиби диққатанд, ки бинандаро ба завқ меоранд.