ШАҲРИ БОСТОНИИ ҲИСОР

 

Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Ҳисор аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид, кӯҳҳои пурфайз, дарёҳои сероб, заминҳои зархез ва дороии ёдгориҳои ҳама давр диқати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд. Одамон ҳануз 40-50 ҳазор сол қабл дар ин мавзеи бобаракат маскун шуда, ба зироаткорию чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд. Дар водии Ҳисор бостоншиносон бо маданияти моддии қадимтарини одамон вомехуранд. Дар давраи неолит (қарни санг) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳо маснуоти шикорию рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор ном бурдаанд, ки ёдгориҳои моддиашро бори аввал академик А. П. Окладников дар теппаи Ғозиён кашф намудааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст.
Шаҳри Ҳисор дар асри ХII- то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдорӣ бунёд мегардад. Дар давраҳои минбада махсусан дар асрҳои VII-V-и то мелод ҳудуди шаҳрак то ба 85-90 га-ро дар бар мегирифт.
Ҳисор дар давраи Кушониён шаҳри тарақикарда, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, савдоӣ ва мадании водии Ҳисор ба шумор мерафт. Дар сарчашмаҳои таърихии чинӣ оиди Тахористон маълумотҳои нодир дода шудааст. Гуфта мешавад, ки дар назди ҳар як шаҳр марказҳои минтақаҳо ибодатхона саҷдагоҳҳои бошукуҳ бо роҳибони сершумор амал мекарданд. Дар назди шаҳри Ҳисор низ ибодатхонаи буддоӣ мавҷуд буд. Аз навиштаҳои сайёҳи чинӣ Сюан Сзян бармеояд, дар шаҳри Ҳисор, ки он вақт Шумон ном мебурданд ду дайри Буддоӣ вуҷуд доштааст. Ҳуҷраи ғории аз поякуҳи деҳаи Бустон дарёфтшуда ҳаҷман калон буда, мумкин аст барои роҳибони буддоӣ ҳамчун «катхика-сала»_-суҳбатгоҳ истифода бурда мешуд. Тахмин дар ин ҳуҷраи ғори зиёда аз 100 нафар роҳиб ё худ саҷдакунандагон ҷойгир шуданаш мумкин аст. Дар охири ғор болои суфаи начандон васеъ ва баланд муҷассамаи Буддо ё худ олотҳои муқадасотӣ гузашта мешуданд.
Сокинони деҳа оилаи Абдуллоевҳо аз поякӯҳ барои сохтани хона хок гирифта хишт мерезанд, инчунин аҳли деха барои корҳои сохтмонӣ аз ин ҳудуд бо булдозер хок канда истифода мебаранд. Дар мавриди бо булдозер кандани хок ғори сунъӣ кушода мешавад. Сокинони деҳа Муродов Раҳматулло ва Абдуллоев Лутфулло ба кормандони мамнӯъгоҳ хабар медиҳанд. Гурӯҳи кормандони мамнӯъгоҳ барои муайян намудан, аз он дидан намуданд. Дар натиҷа маьлум гардид, ки ғори сунъӣ дар пояи адир сохта шуда, даромадгоҳаш аз тарафи ғарби ҷойгир буда, васегиаш 4,5м, баландиаш 2,4-2,5м., дарозии боқимондааш 33м., дар охири ғор суфаи баланду начандон васеъ (40-50см).ҷой дода шуда буд. Он барои гузоштани ҷиҳоз ё худ чароғ истифода бурда мешуд. Девори ғор хеле ҳамвор буда, шифти он аркмонанд сохта шудааст. Қисман сатҳи девори ғор хароб шудааст.

Сатҳи фарши ғор бо хокҳои рехта пушида шуда буд, барои муайян намудани фарши он қисми майдони он тоза карда шуд. Тахмин кардан мумкин аст, ки фарши ғор бо гаҷ кисман рӯпуш карда шуда аст. Инчунин тахмин кардан мумкин аст, ки фарши он як чанд маротиба тармим шуда бошад. Болои фарш назди девор боқимондаи нимсӯхтаи чӯб, хокистар, кулухҳои сӯхта муайян карда шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки аз сабаби кандани адир даромадгоҳи ғор вайрон гардида буд, агар мо майдони кандаи адирро ба инобат гирем, ки он 23метрро ташкил медиҳад. Бинобар ин дарозии ғор мумкин аст 56 метрро ташкил медод, баландии ғор аз сатҳи майдон дар баландии 18-20 метр воқеъ буд. Ин ғор дар майдон ягона набуд, аз паҳлуи шимолии он дар масофаи 8-10м. суроби ғори дигар мушоҳида карда мешуд,ки соли 2010 ғори дуюм кушода шуд. Барои пурра муайян намудани шакли тарҳрезии ин ғорҳо бояд ҳафриёт гузаронида шавад. Бо гуфтаи Абдуллоев Лутфулло дар мавриди кандани хок аз ин қисмат хокистару пораҳои зарфҳои сафолин дарёфт намудааст. Акнун саволе ба миён меояд, ки ин ғорҳо кай сохта шудаанд ва бо кадом мақсад истифода бурда мешуданд? Дар адабиёти бостоншиносӣ ва таърихӣ чунин ғорҳои сунъиро гурезгоҳ ё худ поногоҳ гуфта ном мебаранд. Чунин гурезгоҳҳо начандон дур аз шахракҳои қадима баландии поякуҳи адирҳо месохтанд, кушиш мекарданд, ки даромадгоҳи он барои бегонагон номалум бошад. Чунин гурезгоҳо пеш аз ҳама барои мухофизати зану кудакону пиронсолон пешбини шуда буданд. Чунин гурезгоҳҳо дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат, Ноҳияи Ёвон ва ҳудуди Султонобод муайян кардашудааст. Инчунин дар дигар нохияҳо, ки шаҳракҳои қадима бошад дар наздикии он чунин гурезгоҳ мавҷуд буданаш аз эҳтимол дур нест, танҳо онро дарёфт намудан лозим аст. Гурезгоҳи аз Ваҳдат ва Султонобод дарёфтшуда нисбатан хело хурд мебошанд дарозии он аз 2м. то 5-6метрро ташкил медиҳад. Чунин фарқият ба шумораи аҳоли вобаста мебошад. Аз он сабабе, ки шаҳраки Ҳисор аз асрхои ХII то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдории водии Ҳисор башумор мерафт ва аҳолии он нисбат ба дигар шаҳрҳо сершумор буд, алалхусус дар давраи тарақикардаи кушониён асрҳои II то мелод то II-и мелодӣ. Дар давраи кушониён асосан чунин ғорҳо, хамчун ибодатхонаҳои буддоӣ истифода мешуд. Бояд қайд намуд, ки ибодатгоҳҳо ва сачдагоҳҳои Буддои начандон дур аз ҳудуди шаҳрҳо ҷойгир буданд. Ибодатгоҳҳои Буддоӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон омӯхта шудааст, ба мисоли Аҷинатеппа дар наздикии ш. Қурғонтеппа, Уштур Муло соҳили рости Амударё ноҳияи Шаҳритуз, Қаротеппа, Фаёзтеппа, Зурмала дар наздикии шаҳри қадимаи Термез ва ғайра. Ҳамаи ин ибодатгоҳҳо дар масофаи муайян берун аз ҳудуди шаҳрҳои давраи Кушониён воқеъ гардида буданд.
Ягона маҷмааи ибодатгоҳи ғориву нимғора Каротеппа дар наздикии ш.Термез башумор меравад. Хеле бошукуҳ, зебо бо сутунҳои сангин ва муҷассамаҳои сершумор оро дода шудаанд, девори хуҷраҳои ибодатгоҳ ва ҳуҷраҳои роҳибон бо тасвирҳои Буддоро ифодакунанда оро дода шуда аст.
«Ҳисор» дар луғатҳои тафсирӣ ба маъниҳои иҳоташуда, қалъа, ҷои мустаҳакам, девори даври қалъа омадааст. Мафҳумоти зеринро гирифтани ин водии зархез дар қалби қаторкӯҳҳо доман паҳн кардани он ва вуҷуд доштани қалъаи мустаҳкам собит месозад. То асри XV ин диёри зархезро , ки қаламрави салтанатҳои гуногун буд, бештар бо номҳои «Шумон» ё «Шомон» ном мебурданд. Чунончӣ, сайёҳи чинии асри VII-и мелодӣ Сюан-Сзян дар сафарномааш менигорад, ки «Хонигарии Шумон аз ғарб то шарқ ба масофаи чоршабонарӯз роҳ , аз ҷануб то шимол ба масофаи душабонарӯз роҳпаймоӣ тул мекашад. Дар он ду дайри буддоӣ вуҷуд дорад».
Ҷуғрофияшиноси асри X ал-Муқаддасӣ менависад, ки «Шумон»-и замони ӯ «уммаҳот», яъне «модаршаҳр» аст. Ал-Муқаддасӣ бо сабаби ободию бузургиаш модари шаҳрҳои ин минтақа шуморидааст. Аввалин маротиба номи «Ҳисор» ва «Ҳисори Шодмон» дар асари муаррихи дарбори сулолаи темуриён Алии Яздӣ «Зафарнома» зикр ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи тарақикардаи кушониён майдони шаҳрак 426 га-ро ташкил менамуд, ки шаҳри калони он давра ба шумор мерафт. Дар атрофи он дар масофаи то 4-8км. шаҳракҳои истеҳсолӣ воқеъ буд. Масалан дар ҳудудҳои деҳаи Оқулӣ, Иттифоқ, Тупхона, Бустон, Дурбад, Илич , Шарора, Лангар, Кӯҳнабой, Мортеппа, Ғуриёт, Қаҳрамон, теппаҳои хурду калон мавҷуд аст, ки далели мавҷудоти шаҳракҳои давраи антиқӣ мебошад. Аз ин лиҳоз аҳолии атрофи шаҳраки Ҳисор дар мавриди корҳои кишоварзӣ аз майдони заминҳои деҳаҳои дар боло зикршуда пораҳои зарфҳои кулолӣ, олотҳои фулузотӣ дарёфт менамоянд.
Аз соли 705 то соли 708 дар тасарруфи шаҳри Шумон, Қутайба ибни Муслим муваффақият ба даст дароварда натавонист ва танҳо соли 709 ба ӯ муясар шуд, ки дар байни қабилаҳои турк ва суғдиён иғво андохта, вазъияти арабҳоро беҳтар кунад. Подшоҳи Суғд Тархун аз тарс бо Қутайба сулҳ баст. Аз фурсат истифода бурда, бо қувваи ашрофони маҳалии Хуросон, ҳокимони Балху Чағониёнро ба тарафи худ кашид. Соли 710 ба Қутайба муяссар гардид, ки баъди ду моҳи муҳосира Шумонро тасарруф намояд. Мувофиқи навиштаи Салоти Масъудӣ дар гузари Кулоҳдӯзони шаҳри Ҳисор нахуст-масҷид бо номи Масҷиди Сангин бунёд карда шуд. Манора ва ду пешайвони масҷид бошад, дар асри XIV сохта шуда аст.
Дар тадқиқоти муҳими географӣ таърих ва ёдгортҳои водии Ҳисор саҳми олимон мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм зиёд аст. Аввалин олим, ки дар бораи муҳити географӣ ва ҷойгиршавии шаҳри Ҳисор саҳм гузошта, маълумоти саҳеҳ додаст, Маев Н.А ба шумор меравад. Липский, Лиленталъ, Минаев, Покатило, Хаников дар водии Ҳисор тадқиқотҳои иқтисодӣ географӣ гузаронида, дар ҳисоботҳои худ оиди шаҳрҳо, деҳаҳо, ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии аҳолӣ, таърих ва ёдгориҳои водии Ҳисор маълумотҳо овардаанд. Омӯзиши водӣ аз с. 80- уми асри 19-оғоз гардида, дар солҳои 20-30 юми асри 20 баъди барқароршавии ҳокимияти шуравӣ дар Тоҷикистон ҳаматарафа вусъат меёбад. Андреев шарқшинос мардумшинос с-1925 дар бораи ёдгориҳои меъморӣ шаҳри Ҳисор тадқиқотҳои омузиширо оғоз намуд. Ӯ аввалин шуда харитаи ёдгориҳои бостонии водии Ҳисорро тартиб дода, дар тупхона-никрополи шаҳри Ҳисор ҳафриёт мегузаронад. Дар натиҷа мавҷудбудани қабатҳои мадании давраи биринҷ ва антиқаро дастрас менамояд. Дар шаҳраки Ҳисор олимони муосир бо сарварии Б.А. Литвинский ҳафриёт гузаронидаанд. Дар тупхона Бубнова М.А., Салтопская Евгений Дмитриевна., В.И.Салавиев дар солҳои гуногун ҳафриёт гузаронидаанд. Баъди таъсисёбии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор корҳои восеъи таҳқиқотӣ дар ҳудуди Регистон, Қалъаи Ҳисор ва қисматҳои гуногуни шаҳр гузаронида мешавад. Мақсади ин ҳафриётҳо муаян намудани қабатҳои маданӣ ва тармими иншоотҳои меъморӣ равона карда шуда дар омӯзиши он саҳми олимон Атохонов Т.М.,Самойлик П.Т, Абдуллоев А. беҳамтост. Дар омӯзиш ва барқароркунии ёдгориҳои меъмории мамнӯъгоҳ меъморон тадқиқотчиён Брагинистский, Ҳасанов З., Брус Н. ,Н. Репин Хворорих. Т., Валиев Н., Мирзоқулов А. саҳми беҳамто гузоштаанд. Дар рушд ва ташакулли мамнӯъгоҳи Ҳисор роҳбарони он Додарҷонов Э, Ҳасанов З., Неъматов, Н.Н., Ҳасанов Р.,ҶураевА., Қаюмов А.,Ҳамроев Ф. ва Ҷобиров З. кушишҳои зиёде ба харҷ овардаанд.
«Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» осорхонаест зери фазои кушод ва қимати беҳамтои таърихӣ, бостоншиносӣ ва меъмориро бархурдор аст. Мамнуъгоҳ бо қарори махсуси ҳукумат соли 1982 арзи вуҷуд кардааст. Имрӯз ҳудуди 22 гектарро доро буда, дар қитъаи зебоманзари водии Ҳисор воқеъ гардида аст. Ин марз бостонист ва зиёда аз 3000-сол қабл инҷо маркази тамаддуни волое арзи ҳастӣ дошт. Ёдгориҳои таърихию меъморие ки то ба имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, бунёдашон аз қарни XI-и пеш аз милод оғоз гирифта, то садаи XIX думбола мегирад. Лаҳзае, ки моро маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба оғуш мегирад, хештанро дар шаҳри асримиёнагие бо майдонаш Регистон, дижи қадим , силсилаи иншоотҳои маданӣ-маърифатӣ, ҷомиавӣ–савдоӣ мебинем. Майдони Регистонро ду мадраса Кӯҳна ва Нав, корвонсарои Хиштин, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва Таҳоратхона иҳота крдааст. Дуртар аз майдони Регистон дар қисми ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масчиди Сангин, масчиди Одина, масчид ва мадрасаи Чашмаи Моҳиён воқеанд.