Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Дар маркази шаҳри  Кӯлоб, дар минтақаи боғ, ки дарахтони чанори чанд асра шинонида шудаанд, маҷмааи ёдгории Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – шоир, файласуф ва мутафаккири асри 14 мавҷуд аст.

Дар ин ҷо писари ӯ Муҳаммад,  ва хешовандони сершумораш, инчунин нигоҳбони собиқи мақбара ва масҷиди назди ӯ Шайх Шоҳи Толиқонӣ аз шаҳри Толуқони Афғонистон дафн карда шудаанд. Бинои мақбара- ин як бинои анъанавии асримиёнагӣ мебошад. Дар ибтидо, он аз се даромадгоҳи порталӣ ва толори гунбаз бо ороиши кандакорӣ иборат мебошад. Ин бино ба охирҳои асри XIV таалуқ дорад. Баъдтар дар он масҷид ва оромгоҳ бино карда шудааст.

Дар солҳои 70-уми асри гузашта мақбараи мазкур азнавсозӣ карда шуд. Ҳамзамон, устоҳои ин мақбара кӯшиш намуданд, ки намуди зоҳирии мақбараро мисли пешинааш, ки панҷ аср пеш буд,  нигоҳ доранд. Ва онҳо  муваффақ ҳам шуданд. Дар паҳлӯи мақбара боз як қабри мармарӣ бо навиштаҷот бо забонҳои арабӣ ва форсӣ бо ороишҳои геометрӣ оро дода шудааст.

Дар тарафи ғарбии санги қабр навишта шудааст, ки писари ҳокими Хатлон Амир Муҳаммад ибни Шайх Абдуллоҳ дар ин ҷо дафн карда шудааст. Худи санги қабр шакли росткунҷа буда, тақрибан як тонна вазн дорад. Тибқи ривоятҳо, он бо воситаи филҳо аз шаҳри Ҳиндустон ба Кӯлоб оварда шудааст. Имрӯзҳо мақбара макони зиёрати мардуми маҳаллӣ ва меҳмонони зиёд мебошад.